расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Толибон намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистонро ихроҷ карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Толибон намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистонро ихроҷ карданд

Раиси ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон ахиран эълом кард ба маъмурияти худ поён дода ва Афғонистонро тарк мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Орнут Повелз, ки ба назар мерасад тавассути толибон ихроҷ шуда бошад, дар твиттери худ навиштааст, ки шумо метавонед як дипломатро аз Афғонистон ихроҷ кунед, аммо наметавонед Афғонистонро аз дипломатҳо холӣ кунед.

Повелз афзудааст, ки ба зудӣ Рофаил Лоидик, ҷойгузин ва ба унвони
раиси ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон мансуб мешавад.

Интисоби як дипломати зан ба унвони раиси Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул, ба маънои ҷиддияти Аврупо барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон тафсир мешавад.

Пеш аз ин Повелз гуфта буд, ки бозгушоии мадориси духтарона ба унвони муҳимтарин увлавияти Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аст.

Вай ҳаққи кори занон, ҳуқуқи башар, озодии расонаҳо ва шаклгирии як системаи сиёсии муассир ва ҳамаҷонибаро ба унвони увлавиятҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо унвон карда буд.

Дар ин мусоҳиба таъкид шуда буд, ки хостаҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои эҷоди ҳукумати фарогир ва додани ҳаққи кору омӯзиш ба занон ба маънои дахолат дар масоили дохилии Афғонистон нест.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.