расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Душанбе “Ҳунарманди сол”-ро интихоб мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Дар Душанбе “Ҳунарманди сол”-ро интихоб мекунанд


Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 26 август озмуни шаҳрии “Ҳунарманди сол” баргузор мешавад, ки дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 созмон дода мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расонид.
Дар доираи озмун ҳунармандони тоҷик барои дарёфти унвони беҳтарин ҳунарманд дар бахшҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, нассоҷӣ ва коркарди металл рақобат мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси пойтахт Нурмаҳмад Маҳмадуллозода.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор ҳунармандон аз имтиёзот оид ба пардохти андоз истифода мебаранд.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, ки маснуоти дастӣ дар намоишгоҳҳои Британияи Кабир, Малайзия, ИМА, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Олмон, Испания, Белгия, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ карда шаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта дар меҳмонхонаи Серена дар Душанбе ярмаркаи анъанавии ҳунармандон доир мегардад, ки дар он ҳунармандони самтҳои гуногун аз ҳамаи минтақаҳои кишвар маҳсули корашонро ба маърази тамошо мегузоранд. Даромадан барои тамошои намоишгоҳ озодона буда, он соати 10:00 оғоз мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.