расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Толибон* дар Панҷшер ва Андароб фармондеҳони нави низомӣ таъйин карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Толибон* дар Панҷшер ва Андароб фармондеҳони нави низомӣ таъйин карданд


Роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масули низомии нав таъйин кард. Дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* хабар додааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, рӯзи якшанбе, 22 август бо нашри фармони Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ дар Твиттери худ гуфтааст, ки мулло Абдулқаюм Зокир, масули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу Бағлон таъйин шудааст. Ӯ зодаи вилояти Ҳилманд буда, қаблан дар вазифаи муовини сарпарасти вазорати мулофиаи Толибон* фаъолият кардааст.
Ҳамчунон, бар асоси ин фармон Мулло Муҳаммад Тайиб Ҳаққонӣ ба ҳайси қумондони амнияи Панҷшер таъйин шудааст.
Ин таъйинот дар ҳоле анҷом мешавад, ки ахиран даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер, Бағлон ва Тахор афзоиш ёфта, ҷонибҳо аз кушта шудан ва асир афтодани даҳҳо ҷанговари рақиб иттилоъ медиҳанд.
Аз ҷумла, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ахиран эълон кард, ки дар як задухӯрд бо ҷанговарони толиб 40 нафари онҳоро ба асорат гирифтанд. Иттилое, ки Толибон* тасдиқ накарданд.
*Дар Тоҷикистонгурӯҳитеррористӣэътирофшудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.