расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё

 
Дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон бар асари таркиши автобусе, ки бо газ фаъолият мекард, 6 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора Подробно.уз. бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
"Дар ноҳияи Акалтини вилояти Сирдарё 18 август автобуси тамғаи "Исузу", ки пас аз хариди сӯзишворӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории газ ба ҳаракат баромада буд, таркид. Дар натиҷаи таркиш 6 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 15 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемиристон бистарӣ карда шуданд", - гуфта мешавад дар хабар.
Ба ҷойи ҳодиса ҳайати кормандони КҲФ – Ӯзбекистон ҳозир шуда, сабабҳои ҳодисаи рӯйдодаро таҳқиқ менамоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.