расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳусейн Идиев: Пиёз дар зимистон арзон мешавад!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Ҳусейн Идиев: Пиёз дар зимистон арзон мешавад!

Имсол ҳосили пиёз зиёд шуд ва бо иҷозати Ҳукумати кишвар ба кишварҳои хориҷӣ содирот карда шуд, аз ҳамин сабиб дар бозори дохилӣ нархи он баланд шуд, вале дар зимистон рах поён меравад...

Болоравии нархи баъзе маҳсулот аз қабилӣ пиёз, тарбуз ва картошка дар нишасти хабарии Иттифоқи Тоҷикматлубот баҳси зиёдро ба миён овард.

Ҳусейн Идизод, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот қайд кард, ки танзими нархи маҳсулот аз мо вобастагӣ надорад ва ҳамагӣ 20 фоизи бозорҳои кишвар дар ихтиёри Тоҷикматлубот гузошта шудаанд. “Ташкили сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзии соҳибкорон муфид аст.

Ба талабот нигоҳ карда, мо дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд сардхонаҳо сохтем. Ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла, Рӯдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор аз сардхонаҳои шаҳри Душанбе истифода мебаранд”-гуфт раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор бозорҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла, бозорҳои ноҳияи Носири Хусрав ва Муминободро бозсозӣ намудааст.

Имрӯз дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 1814 нафар кор мекунанд, ки аз ин шумора 771 нафарро зан ва 455 нафарр ҷавонон ташкил медиҳанд. 


Сарчашма:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.