расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Амонатбонк бехонаҳоро соҳиби хона мекунад!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Амонатбонк бехонаҳоро соҳиби хона мекунад!

Амонатбонк бехонаҳоро соҳиби хона мекунад!

Як ширкати сохтмонӣ, ки аз Амонатбонк қарздор буд, бар ивази қарзаш ба бонк хонаҳои нави замонавиро пешниҳод намуд ва 34 нафар кормандони бонк тариқи қарзи ипотекӣ соҳиби хона гаштанд.

Барои қарзҳои ипотекӣ дар маҷмӯъ 100 миллион сомонӣ ҷудо шуда, ҳар як мизоҷ метавонад барои хариди хона ба мо муроҷиат намояд.

Сироҷиддин Икромзода, Раиси раёсати "Амонатбонк" ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон баён дошт...

Тавре, ки Икромзода гуфт, Амонатбонк барои хариди хона қарзҳои ипотекӣ ҷудо мекунад ва мизоҷон метавонанд бо пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои харидорӣ намудани манзил аз қарзи ипотекӣ истифода баранд.

Роҳбари Амнотабонк мегӯяд, шумораи кормандони бонк аз ҳисоби занон имрӯз 1297 нафарро ташкил медиҳад ва танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон аз 210 нафар кормандони ба тозагӣ ба кор қабул шуда 124 нафарашон бонувон мебошанд.

Муштариёни Амонатбонк низ бештар занон буда, аз 28 ҳазор муштариёне, ки ба бонк муроҷиат кардаанд, бештарашон бонувонанд.

Зимни нашасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки даромади софи бонк дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 42, 6 миллион сомонаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 28 дар сад зиёд мебошад. 

 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.