расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷасади кӯдакони ғарқшударо ёфтанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ҷасади кӯдакони ғарқшударо ёфтанд

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, дар як рӯз ҷасади ду кӯдаке, ки ғарқ шуда буданд, пайдо гардид. 

Рӯзи 19 июли соли ҷорӣ ҷасади боз ду ноболиғи ғарқшударо аз дарёи Кофарниҳон берун баровардаанд. Ҳодисаи аввал дар Ҳисор рӯй додааст. Сокини 14-солаи деҳаи Шарафободи ҷамоати Ориён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Баъди дуюним соати ҷустуҷӯ ҷасади ин ноболиғро соати 19:10, тақрибан 10 километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд. Ҳодисаи дуюми нохуш дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯй додааст.

Рӯзи 19 июл, баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ҷасади як кӯдаки 12-сола аз деҳаи Истиқлол-1-и ҷамоати ба номи Турсунзодаро аз дарёи Кофарниҳон берун кашида, ба хешовандонаш додаанд. Ин кӯдак ҳанӯз рӯзи 7 июл, соати 18:30 ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буд. Ба иттилои Кумитаи мазкур аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон алакай 107 нафар, аз ҷумла 55 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда, наҷотбахшони ин ниҳод 24 нафарро наҷот додаанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд. 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.