расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Холаам хушдомани золим шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Холаам хушдомани золим шуд

Салом азизонам. Ман зани 40-сола, аз як ноҳияи наздиктарини шаҳри Душанбе ҳастам.

12 сол қабл аз шавҳарам ҷудо шуда бошам ҳам, то ҳол захмҳои дилам тоза нашудаанд.

Маро дар вақташ холаам келин карда буд, вале аз рӯзи аввал нисбати худ бадбинии хола-хушдоманро эҳсос намуда, ҳайрон мешудам. Ҳарчанд фикр мекардам, ҳеҷ сабаби нафрати модари шавҳарамро фаҳмида наметавонистам.

Танҳо баъди чандин сол фаҳмидам, ки модари ман аз зани якуми падараш будаасту модаронашон ҷудо будаанд.

Азбаски холаам модари маро бад медидааст, барқасд маро келин кардааст, то ки қасди модарамро аз ман гирад. Билохира, холаам бо баҳони он ки “ту келини зебо нестӣ”, маро бо фарзандам аз хонааш пеш кард.

Солҳо гузаштанд, ман шавҳар накарда, духтарчаамро мисли гавҳараки чашм эҳтиёткунон калон кардам. Ҳоло духтаракам калон шуда, ба захмҳои дилам марҳам гаштааст. Чанд рӯз қабл хола-хушдоманам баъд аз солҳои тӯлонӣ бори аввал ба ман занг зада, зориву тавалло дорад, ки ҳамроҳи фарзандам ба хабаргирияш равем. Холаам набераашро дидан мехостааст.

Шавҳарам баъди аз ман ҷудо шудан, як зан гирифта фарзанддор нашуда буд.

Бори дуюм зан гирифта, ҳоло соҳиби як писар аст. Давоми ин солҳо писару модар боре аз ҳоли духтарам хабар нагирифтанду имрӯз аз карда пушаймон шудаанд. Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам. Л.О. 


Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.