расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сағераи калон кардаам маро аз хона ронд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Сағераи калон кардаам маро аз хона ронд

Вақте ба хонаи шавҳарам қадам ниҳодам, парастории ду додару як хоҳари ятимаш бар дӯши ӯ буд.

Ман он вақт ҳамагӣ 19 сол доштам ва ба қавле худам ҳам ҳанӯз кӯдак будам, вале бо маслиҳату насиҳати модарам парастории хоҳару додарони бе падару бе модари шавҳарамро ба зиммаи худ гирифтам. Зиндагиамон бениҳоят душвор буд, худам нахӯрда онҳоро мехӯрондам, худам напӯшида, ба онҳо либос мехаридам, то ятим ва бе парастор буданашонро ҳис накунанд.

Бо мурури замон бародарони шавҳарам мактабро хатм намуданд ва бо кӯмаки ману акаашон ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гаштанд, хоҳаршӯямро бошад, дар ҳамсоягӣ ба шавҳар додем. Шавҳарам барои беҳдошти зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, зеро мо аллакай соҳиби 4 фарзанд гашта, бо шумули додаршӯйҳоям як оилаи калон будем.

Аз рафтанаш ҳанӯз 4 моҳ нагузашта, ҳевари калониям аз дастам кашолакунон маро то дами дарвоза оварду гуфт:

“Худо медонад, ки акаам кай бармегардад. Ман нону оши зиёдатӣ надорам, ки ба туву бачаҳоят диҳам.

Баромада рав, агар шавҳарат зиндаю саломат баргашта суроғат кунад, меоӣ, агар не, ман барои шумо сағерабон нестам!” Хуллас, оби дидаам дар бари рӯ чор фарзандамро гирифта ба хонаи падарам баргаштам.

Шавҳарам тез-тез занг зада, маро дилбардорӣ мекунад, ки ғам нахӯрам, вале суханони нешдори додаршӯямро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Магар ман бо ҳамин умед 10 соли дароз сағерабонӣ карда будам, ки рӯзе сағераҳо калон шуда, маро аз дар берун намоянд?! Фардо акааш аз Русия сиҳату саломат баргардад, додаршӯи беандешаам чӣ тавр ба рӯйи ӯ нигоҳ мекарда бошад?! Омина 

Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.