расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сергей Шойгу ба Шералӣ Мирзо занг зад: вазирон чиро баррасӣ карданд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷаҳон

Сергей Шойгу ба Шералӣ Мирзо занг зад: вазирон чиро баррасӣ карданд?

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи душанбе бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Мирзо суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад РИА "Новости".

Бар хабари манбаъ, вазирони дифоъ масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

"4 июли соли 2022 суҳбатҳои телефонии Вазири мудофиаи Федератсияи Русия генерали артиш Сергей Шойгу ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор гардид", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, сарони сохторҳои мудофиа аз масъалаҳои амнияти минтақавӣ, инчунин вазъи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Русияву Тоҷикистон гуфтанд.

Қаблан вазири дифои Русия аз хавфи террористони байналмилалӣ гуфт, ки метавонанд аз Афғонистон барои ташкили як шабакаи пинҳонии ҷиҳодӣ ва ворид шудан ба давлатҳои ҳамсоя истифода баранд.

Сергей Шойгу гуфт, дар робита ба ин зарур аст, ки ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ба манзури муқовимат бо террористон ва таҳияи равишҳои муштарак дар мубориза бо онҳо роҳандозӣ шавад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.