расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Паҳлавони тоҷик медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Паҳлавони тоҷик медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард

Варзишгари тоҷик соҳиби медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё гардид.

Муҳаммадамин Абдуллоев ғолиби мусобиқаҳои дар Қирғизистон баргузоршуда гардид.

Ӯ Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасони то 17-сола, ки дар Бишкек идома дорад, дар вазни то 80 кило рақобат кард.

Қаблан намояндаи тими миллии ҷумҳурӣ Суннат Абдуллоев дар гуштии юнониву румӣ миёни наврасон мақоми дувумро касб карда буд.

Паҳлавони тоҷик дар даври интихобӣ бар Какира Сакаи ҷопонӣ ва дар чорякфинал бар Какабай Какабоев аз Туркманистон пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамчунин паҳлавони дигари кишвар, Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки чемпионат бори аввал дар як вақт дар ду категорияи синну сол - то 17-сола ва то 23-сола баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар ба Бишкек рафта буд, ки ҳашт атн аз онҳо наврасонанд.

Рӯзи 23 июн мусобиқа байни ҷавонони то 23-сола оғоз мешавад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.