расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Афғонистон ба зиёда аз 1 ҳазор нафар расид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Афғонистон ба зиёда аз 1 ҳазор нафар расид


Мавлавӣ Шарофуддин Муслим, муовини вазорати давлати Толибон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки 920 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз дар чандин вилояти Афғонистон ҷон бохта ва беш аз 610 нафар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, телеграмканали @lentadnya хабар медиҳад, ки беш аз 1120 нафар аллакай фавтидаанд.
Шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод.  Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.
Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.
Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо гуфтаанд, ки вазъиятро зери назар доранд ва дар ҳоли баррасии ниёзҳо ва омодаи ҳамоҳангии кӯмак ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.