расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик ба ҳаҷ сафар намуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Дин

Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик ба ҳаҷ сафар намуданд


Субҳи имрӯз гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик иборат аз 155 нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин гурӯҳи зоиронро раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.
Гуфта мешавад, ки раиси Кумита дар суҳбат бо зоирон таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуда, таъкид доштааст, ки гарчанде вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Ва номбурда аз зоирон даъват намудааст, ки дар кишвари мизбони ҳаҷ тадбирҳои беҳдоштиро риоя намоянд.
Ҳамзамон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон низ суханронӣ намуда, оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфт.
Дар охири маросими гусел аз ҷониби Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид.
Тавре аз Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, имрӯз, 20-уми июн гурӯҳи нахустини шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷ сафарбар гардида, сафари ҳаҷ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ то 4 июл идома меёбад ва 17 июл ба анҷом мерасад. Имсол 3,5 хазор нафар шаҳрвандони аз 40 то 65-сола ба ҳаҷ сафар мекунанд.
Ҳамзамон, илова намуданд, ки нахуст зоирони шаҳри Душанбе ба зиёрати ҳаҷ мераванд ва сипас аз дигар шаҳру навоҳии кишвар, ки зидди бемории коронавирус эмгузаронӣ шудаанд. Инчунин, ҳангоми ворид шудан ба Арабистони Саудӣ, бояд шаҳодатномаи ташхиси манфӣ аз коронавирус, ки на дертар аз се рӯз (72 соат) пеш аз сафар дода шудааст, пешниҳод карда шавад.
Тавре аз ин Кумита афзуданд, арзиши сафари ҳаҷ имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқарар шудааст. Дар соли 2019 сафари Ҳаҷ барои тоҷикон беш аз 35 ҳазор сомонӣ (бо қурби он вақт 3 ҳазору 750 доллар) арзиш дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.