расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Забоншиноси маъруф Ҳомид Маҷидов дар синни 85-солагӣ даргузашт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Забоншиноси маъруф Ҳомид Маҷидов дар синни 85-солагӣ даргузашт


Ҳомид Маҷидов,  профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби  20 июн дар синни 85 солагӣ даргузашт.
Ҳомид Маҷидов 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик. Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85-солагии Маҷидзода як ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда, марҳум  дар он ширкат ва суханронӣ карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.