расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Селхезӣ дар се деҳаи ноҳияи Деваштич, хисоротро маълум мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Селхезӣ дар се деҳаи ноҳияи Деваштич, хисоротро маълум мекунанд


 Зӯҳри 20-уми июн бар асари борони пуршиддат дар се деҳаи ноҳияи Деваштич сел омада, роҳу кӯпрукҳоро вайрон кардааст.
“Дар пайи боришоти шадиди борон дар деҳаҳои Басманда, Дархон, Метк сел фаромад. Ӯ гуфт, ҳоло маълум нест, ки селхезӣ ба мардум чӣ зараре расонидааст ва гурӯҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд”, - гуфт ба “Азия-Плюс” Олимхон Сафолов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Деваштич.
Аз рӯйи чанд навори видеоӣ, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар гуруҳи Фейсбукии “Басманда” ҳамагӣ чанд дақиқа пештар гузоштанд маълум аст, ки селхезӣ бештар ба роҳҳо зиён расонидааст. 
Аз навор маълум аст, ки сел аз роҳҳои миёни маҳалҳо дар деҳаи Басманда фаромада, роҳҳоро аз лойқаву сангреза пур кардааст. Чанд тан аз сокинон низ маҷрои селхезӣ дар кӯчаи наздик ба хонаҳояшонро мекушоянд.
Дар ин деҳаҳои ноҳияи Деваштич мардум асосан ба картошкапарварӣ машғуланд ва майдони зиёди картошка низ мавҷуд аст. Маълум нест, ки селхезӣ ба ба кадом андоза ба манзили аҳолӣ ва боғҳои кишоварзӣ зиён расонидааст.
Баъзе аз манобеи “Азия-Плюс” мегӯянд, дар натиҷаи селхезӣ роҳи деҳаи Метк пурра хароб гардида, ҳоло сокинон тавассути роҳи деҳаи Росровут ҳаракат мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.