расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шаҳритӯс: Ду сӯхтор дар ду шабонарӯз

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Шаҳритӯс: Ду сӯхтор дар ду шабонарӯз


Шаби гузаштаи 14 ба 15 июни соли 2022 дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа ду мағоза сӯхтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ноҳияи Шаҳритӯс хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, як шабонарӯз пештар дар маркази ин ноҳия дар яке аз ошхонаҳои машҳур бо номи “Шоми Шаҳритӯс” низ сӯхтор ба амал омада буд.
“Дар натиҷаи ин сӯхтор қисми зиёди ошхона сӯхтааст”, - иттилоъ дод манбаъ.
Дар қисми ҳарбии оташнишонии ноҳияи Шаҳритӯс сар задани сӯхторро дар яке аз мағозаҳои атрофи бозори марказии ноҳия тасдиқ карданд. Вале аз додани шарҳи бештаре худдорӣ карданд.
Ба гуфтаи як манбаи дигар, ки бо вазъ шинос аст, сабаби сӯхтор дар ҳар ду иншоот расиши кӯтоҳи барқ будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.