расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сиркбозони тоҷик як моҳ меҳмони Ӯзбекистон мешаванд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Сиркбозони тоҷик як моҳ меҳмони Ӯзбекистон мешаванд

Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон аз 15 нафар ҳунармандони бомаҳорат иборат буда, аз 15 июн то 15 июл барои тамошобинони шаҳри Тошканд барномаи ҷолиби сиркӣ пешниҳод мекунанд.

Вазорат таъкид намуд, ки ҳунари сирки тоҷикро дар Ӯзбекистон Мастона Собирзода, Шокир Болтаев, Вафоҷон Иззатуллоев, Алмос Илёсов, Солеҳ Юсупов, Идибек Киромиддинов, Қурбоналӣ Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова ва Ануша Ҳусейнзода муаррифӣ мекунанд.

"Ҳунармандон дар намуди акрабатика, гимнастика, ромкунии ҳайвонот, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони сирк намоиш медиҳанд", - омадааст дар хабарнома.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан сиркбозони тоҷик бо барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Анталияи Туркия ва Покистон сафар доштанд.


Он замон сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Созмони сайёҳии Ҷумҳурии Туркия сурат гирифта буд. Сиркбозони тоҷик дар чандин шаҳрваҳои Туркия ҳунарнамоӣ намуданд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.