расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Валангортарин роҳи шимоли Тоҷикистонро сокинон мумфарш мекунанд: чӣ гуна - акс

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Валангортарин роҳи шимоли Тоҷикистонро сокинон мумфарш мекунанд: чӣ гуна - акс

Роҳи мошингарди Хуҷанд-Ашт бо гузашти 8 сол аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳоти Ашт ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ мумфарш мешавад.
Роҳи миёни Хуҷанд – Ашт ҳудуди 100 километр тул дорад, аммо ба далели солҳо боз таъмири дуруст нашудан аз оғоз то ба анҷомаш пур аз чуқурчаҳост.
Ронандагон мегӯянд, чуқурчаҳои роҳ ба дараҷае зиёд аст, ки ҳатто ронандаи бо таҷриба ҳам наметавонад ба онҳо барнахурад.
Ба қавли Валиҷон Баротов ронандаи Газел, барнахурдан ба чурқаҳои роҳ имкон дорад танҳо ба шарте, ки агар мошин дар ин роҳ тамоман ҳаракат накунад.
Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, бист сол ба ин су аз шаҳри Истаравшан ба ноҳияи Ашт сабзавот меорад. Ӯ, роҳи миёни Хуҷанд – Аштро роҳи аз ҳама валангори Суғд донист.
“Мо ба дигар шаҳру навоҳии вилоят ҳам бор картошкаву сабзӣ мебарем, вале мисли роҳи Хуҷанд – Ашт роҳи харобро надидаем. Шояд дар миқёси ҷумҳурӣ ҳам роҳи аз ҳама хароб ҳамин роҳ бошад” - иброз намуд, Баротов.
Бо гузашти 8 сол роҳи Хуҷанд – Ашт барои аввалин бор мумфарш мешавад. То ин замон ин роҳ таъмир мешуд, вале танҳо чуқурчаҳои онро бо рег ва асфалти сард пур мекарданд, вале ин аз ҳисоби дуруст истифода нашудани масолеҳи сохтмонӣ роҳ зуд харобу валангор мегардад.
Ҳоло барои бо муми гарм таъмир шудани роҳ, сокинони деҳоти Ашт ва соҳибкорон маблағ ҷамъ намудаанд.
Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, роҳи Хуҷанд – Ашт аҳамияти байналмилалӣ дорад ва дарозиаш 94 километр аст.
Сокинони Ашт ба ҷамъоварии беш аз 1,6 миллион сомонӣ маблағ барои таъмири роҳ саҳм гузоштаанд.
“Роҳ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда мешавад. Ин кор имкон фароҳам хоҳад овард, то шароити равуои мардум бо маркази вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои кишвар беҳтар гардад”, - афзуд муовини раиси ноҳия.
Таъмири ин роҳ як ҳафта қабл шурӯъ шуд ва дар кори он даҳҳо нафар аз сокинон ба ҳашар баромадаанд.
Дар аксҳое, ки дафтари матбуотии раиси ноҳия нашр намуд, дида мешавад, масъулини ҳукумат ҳам дар канори дигар сокинон ба таъмири роҳ даст ба кор шудаанд.
Ҳаётҷони Одил, котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки кори таъмири роҳ чи вақт давом хоҳад кард.
“Масъулони идораи роҳсозии ноҳия вазифадор шудаанд, ки таъмири роҳро то се моҳи баъд, яъне дар нимаҳои моҳи сентябр пурра ба иҷро расонанд” - афзуд, котиби матбуот.
Ноҳияи Ашт, яке аз 11 шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд маҳсуб мешавад.
Дар ин феҳрист 11 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ворид аст, ки он аз Зафаробод, Деваштич, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷ. Расулов, Шаҳристон, Мастчоҳ ва Ашт иборат мебошад.
Ин навоҳӣ ба далели пӯшонида натавонистани хароҷоти худ ҳамасола аз ҳисоби буҷеаи вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегиранд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, аз 110 миллион сомонии буҷаи солонаи ҳукумати Ашт 57 дарсад ё 62,7 миллион сомонии он аз ҳисоби субвенсия таъмин карда мешавад. Таъмири куллии роҳи Хуҷанд – Ашт дар барномаи рушди роҳсозии кишвар барои солҳои 2022-2026 ҳамроҳ шудааст.
Ин нукта дар паёми раисҷумҳур зикр шудааст. Масъулони ҳукумати Ашт мегӯянд, таъмири ҷории роҳ то замони оғози корҳои азнавсозӣ ба хотири беҳтар гардонии ҳолати мавҷудаи он мебошад.

Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.