расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Пентагон иқрор шуд, ки дар Украина таҷрибаҳои биологӣ анҷом додааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Пентагон иқрор шуд, ки дар Украина таҷрибаҳои биологӣ анҷом додааст

 
Пентагон иддао дорад, ки дар лоиҳаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ширкат доштааст ва фаъолияташ дар Украина шаффоф буд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Пентагон дар баёнияе дар сойти худ гуфтааст, ки дар 20 соли ахир аз 46 муассисаи биологӣ дар Украина ҳимоят кардааст.
"Дар давоми ду даҳсолаи охир Иёлоти Муттаҳида 46 озмоишгоҳи ғайринизомии Украинаро барои беҳтар кардани амнияти биологӣ ва ҳифзи Украина, самаранокии мониторинги одамон ва ҳайвонот дастгирӣ кардааст",- гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорати дифоъ иддао дорад, ки ин ҳамкорӣ шаффоф аст ва дар чаҳорчӯби қонунҳои ду кишвар ва қонунҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Пентагон таъкид мекунад, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ дар ин тарҳ ширкат кардааст.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки то соли 2014 ИМА дар Украина зиндонҳои махфӣ дошт.
Қобили зикр аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар суханронии худ дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳадафи озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар кишварҳои пасошӯравӣ ҷамъоварии маводди биологӣ ва омӯзиши вижагиҳои паҳншавии вирусҳо гуфта буд.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия бошад мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар озмоишгоҳҳои Украина силоҳҳои нави биологӣ эҷод мекунад.
Ба гуфтаи вай, марҳалаи фаъоли таъсиси озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина таҳти назорати Пентагон дар соли 2014 оғоз шуд.
Владимир Путин, президенти Русия дар бораи озмоишгоҳҳои биологӣ, ки аз ҷониби ИМА сарпарастӣ мешаванд, гуфт, ки пурра нобуд карда мешаванд.
"Дар он ҷо намунаҳои коронавирус, сӯхтанӣ, вабо, вабои хукии африқоӣ ва дигар бемориҳои марговарро таҷриба карданд. Ҳоло осори ин барномаҳои махфӣ ба таври ҷиддӣ рӯпӯш мешавад", - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия афзуд, гумон меравад, ки дар Украина ҷузъҳои силоҳи биологӣ сохта шудаанд ва он ба амнияти Маскав таҳдид мекунад.
https://sputnik-tj.com/20220610/pentagon-ukraina-tajriba-biologi-1049082270.html​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.