расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тошиев ба табибон барои кумак ба захмиёни даргириҳои бо Тоҷикистон медал дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Тошиев ба табибон барои кумак ба захмиёни даргириҳои бо Тоҷикистон медал дод

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев табибон ва хидматчиёни ҳарбиро қадрдонӣ кард. Дар ин бора котиботи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Ҷоизаҳо барои ҳамкории фаъол бо мақомоти амнияти миллӣ дар расонидани ёрии таъҷилӣ ба низомиёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки дар даргириҳои марзӣ осеб дидаанд, дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайваста нофаҳмиҳо, ки пасон ба тирпаронию талафоти ҷонӣ аз ҳар ду ҷониб анҷом меёбад, сурат мегирад.

Охирин муноқишаи марзӣ рӯзи 3 июн байни сарҳадбонони ду кишвар дар ҳудуди ҷамоати Ворузи Исфара дар мавзеъи "Кех" сар зад.

Дар ҷамоати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи ба амаломадаро чунин шарҳ доданд:

"Марзбонони қирғиз худсарона ба тарафи марзи мо ворид шудан хостаанд. Онҳоро барои пас гаштан сарбозони тоҷик огоҳ кардаанд, қирғизҳо ба амри сарҳадбонони мо итоат накарда, кӯшиши тирпарронӣ кардаанд, дар натиҷаи ин амали номатлуби онҳо, марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба ҷойи худ баргаштаанд”.

Вале, ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ дар муноқишаи ахир низ сарҳадбонони тоҷикро муттаҳам кард.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ, амалкарди ҷониби Қирғизистон дар марзи муштаракро иғво хонд.

“Ҷониби Тоҷикистон иғвои барқасдона тарҳрезишудаи ҷониби қирғизро маҳкум карда, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои мушобеҳ дар оянда ба риояи қатъии тавофуқоти ҳосилшуда даъват мекунад”, - омадааст дар изҳорот.

Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.