расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маъюс шудани мардум аз кирдори толибон

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Маъюс шудани мардум аз кирдори толибон

Генерал Мубин, сухангӯии пешини фармондиҳии амнияти гурӯҳи толибон дар Кобул дар барномаи "Хабари доғ"-и шабакаи “Tolonews” гуфт, ки кирдори толибони касонеро, ки ба ин гурӯҳ умедвор буданд, ноумед кардааст.

Ӯ бо интиқод аз фармонҳои идораи амр ба маъруфи толибон гуфт, ки ба дипломасии ин гурӯҳ бо Ғарб осеб задааст.

Ин фармондеҳи толибони барои чаҳор моҳ сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул буд, аммо сипас овозаҳо дар бораи дастгир шуданаш нашр шуданд.

Ӯ дар ин мусоҳиба ба унвони "фаъоли иҷтимоӣ" ба арзёбии сиёсатҳо ва рафторҳои толибон дар 9 моҳи гузашта пардохт.

Ба гуфтаи генерал Мубин, рафторҳои толибон, монанди музоҳимати мардум ба хотири навъи пӯшиш боиси афзоиши нафрати умумӣ аз ин гурӯҳ мешавад.

Ин сухангӯи пешини толибон ба "фосилаи миёни раҳбарони толибону мардум" ишора кард, ки ба эътиқодаш, “бо мардум нишасте вуҷуд надорад ва онҳо қаноат дода намешаванд".

Ин барномаи "Хабари доғ" ба изҳороти ахири вазири хориҷаи Олмон дар бораи толибон ва ба расмият нашинохтани ин гурӯҳ аз сӯии давлати Олмони пардохта буд.

Пеш аз ин Анналина Бербок, вазири хориҷаи Олмон дар сафари ахираш ба Покистон бо интиқод аз толибон гуфта буд, ки онҳо бо сиёсатҳоияшон Афғонистонро ба фурӯпошӣ савқ медиҳанд.

Генерал Мубин аз Вазорати хориҷаи толибон барои "таомули муваффақ" бо ҷаҳон ситоиш кард, аммо ба гуфтаи ӯ, "бархе аз фармонҳо аз сӯии Вазорати амр ба маъруф ба ин дипломасӣ осеб расондааст".

Ишораи ӯ ба таҳмили як навъи ҳиҷоб бар занон аз сӯии ин вазорат буд, ки ба эътиқодаш, "акнун ба ин фармонҳо ниёзе эҳсос намешавад ва бояд аввал ба мушкилоти дохилӣ расидагӣ шавад".


Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.