расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муҳлати ҳабси раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро тамдид карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Муҳлати ҳабси раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро тамдид карданд


Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов, ки дар боздошти пешакӣ қарор дорад, то 6 июл дар ҳабс мемонад.
Карим Масимов, ки "одами наздик"-и президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дониста мешуд, рӯзи 5 январи соли 2022 аз мақоми раисии кумитаи амнияти миллӣ барканор шуд.
Рӯзи 8 январ ӯро бо гумони "хиёнат ба давлат" боздошт карданд. Рӯзи 13 январ Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки нисбати Масимов "аз рӯи далелҳои ғасби худсаронаи қудрат" парванда боз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.