расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон


Як шаҳрванди Тоҷикистон мехост, ки пули нақд бо долларро бидуни эъломия аз Қазоқистон берун барад. Ин мард ба Ӯзбекистон раҳсипор буд.
Рӯзи 6 июн дар гузаргоҳи гумрукии “Жибек Жоли”-и вилояти Туркистони Қазоқистон ҳангоми азназаргузарони бағочи дастӣ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон раҳсипор буд, боздошт шуд, хабар медиҳад nur.kz.
Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи дастии мард ба маблағи 19,5 ҳазор доллар пули нақди бидуни эъломия дарёфт шудааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Аз марди боздоштшуда ном бурда намешавад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи март президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев “Дар бораи таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон” амр ба имзо расонид, ки мувофиқи он ба берун аз хориҷи кишвар баровардани асъори хориҷии нақд ва сабикаҳои тиллоӣ маҳдудият ҷорӣ шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.