расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷавони 18-сола ҷони ҷавони худро дар сари чамбараки мошин дод (АКС)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ҷавони 18-сола ҷони ҷавони худро дар сари чамбараки мошин дод (АКС)

Ронанда ҳангоми ҳаракат дар болои пули "Путовский" идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст.

Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18-солаи ӯ ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад КҲФ.
Гуфта мешавад, ки садама рӯзи 5 июн рух додааст.

"Рӯзи якшанбе соати 9:16 ба пулти идораи Кумитаи навбатдории оперативӣ дар бораи рух додани садама дар шаҳри Душанбе сигнал расид. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум карданд, ки ронандаи 18-солаи мошини "Toyota Camry" як сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар болои пули "Путовский" идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст."

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва мусофири ӯ як ҷавони 18-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Наҷотдиҳандагон бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади қурбониёнро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Номи кушташудагон эълом нашудааст.
Дар бархӯрд 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштаанд.  Онҳоро ба Маркази миллии тиббии "Шифобахш" бурдаанд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20220606/dar-dushanbe-bar-asari-barhrdi-moshini-sabukrav-bo-avtobus-2-nafar-alok-va-9-nafar-aroat-bardoshtand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.