расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таҳрим кардани нафти Русия наметавонад тасмим бигирад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таҳрим кардани нафти Русия наметавонад тасмим бигирад


Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе, дар остонаи саммити ин иттиҳод, ки рӯзҳои 30-31 май дар назар аст, натавонистанд, дар мавриди таҳрими нафти Русия ба созиш расанд.
Хабаргузориҳо навиштанд, ки гуфтугӯҳо дар мавриди таҳрими нафти Русия субҳи рӯзи душанбе идома мекунад.
Бино ба тарҳи созише, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавридаш гуфтугӯ доранд, хариди нафти Русия бояд то охири сол таҳрим шавад. Аммо ин таҳрим як истисно дорад. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, интиқоли нафт тавассути лӯлаи "Дӯстӣ"-и Русия давом кунад, ки Маҷористон, Словакия ва Ҷумҳурии Чехро таъмин месозад.
Ахиран хабаргузориҳои байналхалқӣ навиштанд, ки дар остонаи мулоқоти роҳбарони Иттиҳоди Аврупо Комисияи Аврупо тарҳи қобили қабули аксариятро дар мавриди таҳрими Русия таҳия кардааст.
Иттиҳоди Аврупо бештар аз як моҳ аст, ки наметавонад, бастаи шашуми таҳримҳои зидди Русияро қабул кунад. Ин таҳримҳо нисбати Русия ба далели ҳамлааш ба Украина эълом мешаванд. Маҷористон зидди таҳрими нафти Русия аст. Маҷористон мегӯяд, ин таҳрим ба иқтисоди вай зарбаи сахт мезанад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.