расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ СОБИҚИ ДАСТГОҲИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ СОБИҚИ ДАСТГОҲИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН

Назруллоҳ Абдулваҳҳобов, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ки аз соли 1995 то 2004 раҳбари дастгоҳи парлумони Тоҷикистон буд, рӯзи 7 майи соли 2022  дар синни 84 аз олам чашм пӯшид.
Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 8 май дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Назруллоҳ Абдулваҳҳобов 10 майи соли 1938 дар ноҳияи Кангурт таваллуд шуда, мактаби 7-солаи ба номи Пайрав Сулаймониро дар зодгоҳаш ва сипас соли 1957 мактаб-интернати Кангурт ва соли 1962 риштаи физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст.
Назруллоҳ Абдулваҳҳобов дар тӯли собиқаи кориаш ба ҳайси муаллими мактабҳои миёнаи н. Данғара (1962-1966), инструктори шуъбаи ташкилии ҳизби коммунисти н. Данғара (1966-1969), котиби комиҷрояи н. Данғара (1969-1972) кор карда, солҳои1972-1974 дар Мактаби олии ҳизбии КПСС дар ш. Тошканд таҳсил кардааст. Баъди хатми мактаби ҳизбӣ ӯ дар мақомҳои  котиби комиҷрояи Шӯрои намояндагони халқи в. Кӯлоб (1974-1987), намояндаи Шӯрои вазирони СССР оид ба дин дар в. Кӯлоб, мудири шуъбаи кадрҳои Идораи хизмати маишии ш. Кӯлоб, сардори Дастгоҳи ҳукумати в. Хатлон дар минтақаи Кӯлоб (1987-1995) фаъолият дошт.
Назруллоҳ Абдулваҳҳобов сипас дар мақомҳои роҳбари Дастгоҳи Шӯрои Олии ҶТ (1995-2000), роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ (2000-2004), сардори Раёсати хоҷагӣ-маъмурии дастгоҳи Вазорати алоқаи ҶТ (2005-2007) ва муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (2007-2010) кор кардааст.
Ӯ бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1970), «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1986) мукофотонида шудааст.
Муаллифи беш аз 10 китобҳои қиссаву достонҳо аз ҳаёти мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.