расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Хоҳарзодаи Назарбоев омодагияшро барои "ҳадя"-и саҳмияҳои "Қазоқтелеком" ба давлат эълон кардааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Хоҳарзодаи Назарбоев омодагияшро барои "ҳадя"-и саҳмияҳои "Қазоқтелеком" ба давлат эълон кардааст


Раиси бунёди "Самрук-Хазина" Алмасадам Саткалиев дар бораи тақдири саҳмияҳои ширкати миллии мухобиротии "Қазоқтелеком" иттилоъ дод.
Пештар ҳукумати Қазоқистон қарор қабул кард, ки 28,8 дарсад саҳмияҳои ширкати мазкур ба давлат баргардонида шаванд. Ин саҳмияҳоро Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ихтиёр дошт.
"Ба иттилои мо, Кайрат Сатибалдӣ омода аст, ин саҳмиҳояро ба ба ҳукумат "туҳфа" кунад", - гуфт Алмасадам Саткалиев, раиси бунёди "Самрук-Хазина".Кайрат Сатибалдӣ 13 марти соли ҷорӣ бо айби "сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ғорати дороиҳои ширкати "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" боздошт шуд ва айни замон дар ҳабс қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.