расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тадбирҳои шадиди Путин алайҳи Ғарб ошкор шуд: фармони тозаи президенти Русия

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Тадбирҳои шадиди Путин алайҳи Ғарб ошкор шуд: фармони тозаи президенти Русия


Кишвардор фармонро дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои вижаи иқтисодӣ алайҳи кишварҳои ба Русия номақбул имзо кард: маҳдудиятҳо ба тиҷорати хориҷӣ таъсир мерасонанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Русия дар посух ба амалҳои ғайридӯстонаи Ғарб маҳдудиятҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Фармони дахлдорро президенти Русия Владимир Путин имзо кардааст.
Дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ҳуҷҷате, ки нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ "тадбирҳои махсуси иқтисодӣ" пешбинӣ шудааст, нашр шуд.
Дар фармони кишвардор, бастани муомилот ва ичрои ухдадорихо дар назди шахсони вокеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ таҳти муҷозоти ҷавобй, инчунин ба фоидаи ин шахсон аз кишвар содироти ашёи хом ва маҳсулот манъ аст.
Ҳукумати Русия дар давоми 10 рӯз рӯйхати дахлдорро тартиб дода, меъёрҳои иловагии амалиёти дар боло зикршударо муайян мекунад.
Ҳуҷҷат аз лаҳзаи интишор эътибор пайдо мекунад ва то лағви тадбирҳои махсуси иқтисодӣ эътибор дорад.
Президенти Русия моҳи апрел вокуниши қатъӣ ба таҳримҳои Ғарбро эълон кард. Ӯ дар мачлиси машваратй оид ба масъалахои азхудкунии Арктика таъкид кард, ки мамлакат бояд суръати корро ҳам аз рӯи вазифаҳои ҷорӣ ва ҳам оянда ба таври максималй зиёд кунад.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд. Ҳамин тариқ, ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арак, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат шомил кард.
Инчунин, бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.
Илова бар ин, Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ манъ кард. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.