расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Туркманистон барои аз меъёр зиёд харидани нон сокинонро 15 рӯз ҳабс мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Дар Туркманистон барои аз меъёр зиёд харидани нон сокинонро 15 рӯз ҳабс мекунанд

Мақомоти Туркманистон дар пасманзари бадшавии вазъи марбут ба норасоии орду нон назорати фурӯши онҳоро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ, бахусус дар шаҳри Ишқобод пурзӯр кардаанд.
Маъмурони пулиси пойтахти Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ талош доранд, онҳоеро муайян кунанд, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нон мехаранд.
Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис дар Ишқобод ба фурӯшгоҳҳои давлатӣ рафта, муштариёнеро, ки барои харидории нон навбат мепоянд, аксу навор мегиранд.
"Онҳо муштариёнро ҳушдор медиҳанд, ки барои аз меъёри муайяншуда бештар нон харидан 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт як сокини пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш 21 апрел.Хабарнигори радио бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон хабар медиҳад, ки чандин мансабдори давлатӣ бо гумони сӯистифода аз мақоми хидматӣ дар хариди орду нон ҳабс шудаанд.
Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳар як муштарӣ аз 2 ё 3 дона нон бештар нафурӯшанд. Як дона нон дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ аз 5 то 10 манати туркманӣ арзиш дошта, дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ онро бо нархи арзонтар - 60 танга мефурӯшанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.