расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар Белгия дармонданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар Белгия дармонданд

WSJ менависад,тақрибан ҳашт ҳазор мошинҳои боҳашамат бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар шаҳри Зебрюгеи давлати Белгия дармондаанд
Ҳудуди ҳашт ҳҳазор мошини боҳашамате, ки омодаи интиқол ба Русия ҳастанд, дар шаҳри бандарии Зебрюгеи Белгия бар асари таҳримҳои Ғарб дармондаанд, хабар медиҳад Wall Street Journal.
Мошинҳо, аз ҷумла навтарин моделҳои Cadillac, Mercedes ва Lexus, дар авоили моҳи апрел аз Осиё ворид шуданд.
"Мошинҳо аз содироти молҳои боҳашамат мамнӯъ шудаанд, аммо як қатор молҳои дигаре, ки таҳти таҳримҳои гуногун қарор доранд, низ дар ин ҷо мондаанд", - гуфт Марк Адриансенс, директори терминали мошинҳои бандар.
Ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд мошинҳо муддати тӯлонӣ ба ҳеҷ куҷо интиқол дода намешаванд ва дар ниҳоят ба бозорҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Иттиҳодияи Аврупо қаблан бастаи панҷуми таҳримҳои зидди Русияро тасвиб кард. Тадбирҳои нави маҳдудкунанда манъи воридоти ангишт аз моҳи августи соли 2022, манъи вуруди киштиҳо бо парчами Русия ба бандарҳои Иттиҳоди Аврупо ва маҳдудиятҳои ширкатҳои боркашонии Русия ва Беларусро дар бар мегиранд.
Амалҳои мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ алакай ба мушкилоти иқтисодии кишварҳояшон табдил ёфта, боиси болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки монандии онҳо то ҳол нашудааст, вале таъкид кард, ки онҳо ба чунин рушди ҳаводис омодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.