расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Туркманистон аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро "бармечинанд"

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Дар Туркманистон аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро "бармечинанд"


Корхонаву муассисаҳои давлатии Туркманистон аллакай дастур гирифтаанд, ки аксҳои президенти ҳамакнун пешини ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо акси писараш Сардор Бердимуҳаммадов иваз кунанд.
Сардор Бердимуҳаммадов, ки ба гуфтаи мақомоти Туркманистон, дар интихоботи президентӣ 72,97 дарсади овозҳоро ба даст овардааст, 19-уми март падарашро дар мақоми расиҷумҳури он кишвар расман иваз кард.
Аксҳои президенти нави Туркманистон дар шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Лебапи он кишвар аллакай овезон шудаанд. Дар Шуъбаҳои маориф ва тандурустии вилоят низ ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дастур гирифтаанд, то аксҳои президенти навро овезон намоянд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабарнигор, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксҳои Сардор Бердимуҳаммдовро аз ҳисоби худ харидорӣ мекунанд. Мудирони мактабҳои миёна дар ноҳияи Фороби Лебап ҳам маъракаи ивазкунии аксҳои президентро оғоз кардаанд.
Дар Туркманистон ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳо акси президентро овезон мекунанд. Харидорӣ ва иваз кардани аксҳо аз кисаи кормандон сурат мегирад. Дар мактабҳои миёна бошад, аз ҳисоби хонандагон.
Пештар аз ин, дар моҳи январи соли 2019, бо сафед шудани ранги мӯи Бердимуҳаммадов муассисаҳои давлатиро вазифадор карда буданд, ки аксҳои президентро иваз кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.