расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳазорҳо мутахассиси IT мумкин аст Русияро тарк кунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Ҳазорҳо мутахассиси IT мумкин аст Русияро тарк кунанд


Дар моҳҳои наздик Русияро мумкин аст, аз 70 то 100 ҳазор мутахассиси IT тарк кунад. Аз 50 то 70 ҳазор чунин мутахассис то ин замон Русияро тарк кардааст, хабар дод нашрияи Baza бо такя ба раиси Эътилофи иртибототи электронии Русия Сергей Плуготаренко.
Плуготаренко гуфт, теъдоди мутахассисони IT, ки Русияро тарк мекунанд, метавонист, бештар шавад, агар билети ҳавопаймо гарон намешуд ва мушкили интиқоли маблағ ба миён намеомад.
Пештар мухолифони ҳукумати Русия ва фаъолони шаҳрвандӣ, ки дар хориҷ аз он кишвар ҳастанд, Кумитаи зиддиҷангии Русияро таъсис доданд. Яке аз ҳадафҳои ин кумита кӯмак ба русиягиҳое аст, ки ба далели ҷанг дар Украина, Русияро тарк мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.