расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бештари парвозҳои "Ural Airlines" ба Тоҷикистон ба таъхир афтод, чанд парвоз ҳам бекор шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Бештари парвозҳои "Ural Airlines" ба Тоҷикистон ба таъхир афтод, чанд парвоз ҳам бекор шуд

Бештари парвозҳои ширкати "Уралские авиалини" ба Тоҷикистон ба таъхир афтода, чанд парвоз ҳам бекор шудааст. Тибқи онлайн-таблои фурудгоҳи Душанбе, аз 6 парвози ширкати "Урал", ки бояд дирӯз анҷом мешуд, фақат як парвоз аз Маскав сурат гирифтааст. Боқӣ панҷ парвози дигар аз шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск ва се парвоз аз фурудгоҳи "Жуковскийи"-и Маскав анҷом нашуданд.
Имрӯз ҳам то субҳ бояд чор парвози ширкати "Уралские авиалини" аз шаҳрҳои Уфа, Самара, Екатеринбург ва Маскав ба Фурудгоҳи Душанбе анҷом мешуд. Вале то ин дам ҳеҷ яке аз ин парвозҳо ба Душанбе нарасид.
Дар сомонаи расмии ширкати "Урал" ҳам омадааст, парвозҳои ин ширкат барои рӯзи 22-юми март аз шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Екатеринбург, Сочи ва ду парвоз аз Маскав ба Душанбе бекор шудаанд. Ҳамчунин парвозҳои ширкати "Уралские авиалин" аз Челябинск, Екатеринбург, Ростови лаби Дон ва Минералние Води ба Хуҷанд бекор шудааст. Масъулини ширкати "Урал" то ҳол вазъиятро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки сабаби якбора бекор шудани аксари парвозҳо ба Тоҷикистон чист.
Дар миёни ширкатҳои ҳавонавардӣ, ки байни Тоҷикистон ва Русия мусофиркашонӣ мекунанд, "Уралские авиалиние"аз ҳама бештар парвозҳо анҷом медиҳад.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои алайҳи Маскав дар як моҳи ахир ба мушкил гирифтор шуданд. Аз ҷумла, ширкати "Сибир" ҳам рӯзи 5-уми март ҳамаи парвозҳояшро ба Тоҷикистон бекор кард. Қатъи парвозҳо боиси сарсонии садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва ҳам Русия шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.