расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Поёни Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин. Чин аввал шуд, Украина дувум

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш / Ҷаҳон

Поёни Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин. Чин аввал шуд, Украина дувум


Дар Бозиҳ
ои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки аз 4-ум то 13-уми март дар Пекин доир гардид, мунтахаби Чин бо касби 61 медал (18 тилло, 20 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо назардошти ҳам сифат ва ҳам теъдоди онҳо ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Украина бо касби 29 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 25 медал (8 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) мақоми сеюмро азони худ карданд.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (7 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6 тилло, 11 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Олмон (4 тилло, 8 нуқра ва 7 биринҷӣ), Норвегия (4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Ҷопон (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва Словакия (3 тилло ва 3 биринҷӣ) қарор гирифтанд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кард.
Ҳамин тариқ, дар нӯҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳибони медалҳо шуданд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.
Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин, ки рӯзи 13-уми март ба поён расид, 564 варзишгари маълул аз 46 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил буд: лижаронии кӯҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.