расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд


Раҳбари Чеченистон дар бораи даҳҳо ҳазор ихтиёрии чечен, ки мехоҳанд ба Украина бираванд, сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ аз Чеченистон гуфт, ки мехоҳанд дар амалиёти вижа барои безарарсозии Украина ширкат кунанд.
"Теъдоди ихтиёриён аз Ҷумҳурии Чеченистон, ки барои иҷрои фармони фармондеҳи олӣ дар Украина омодаанд, ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Ҳар рӯз нерӯҳои амниятӣ мунтазири чунин фармон ҳастанд", — гуфт Қодиров дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Вай афзуд, ки ин бачаҳо "на дар клавиатура навиштан, балки бо аслиҳаи оташфишони воқеӣ ва дақиқ "навиштан"-ро омӯхтаанд".
"Онҳо ба экрани телефони мобилӣ нигоҳ намекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳои бадахлоқона наменависанд, балки дар ҳаёти воқеӣ, дар майдони ҷанг фармонҳоро хомӯшона иҷро мекунанд. Онҳо дар умури ҳарбӣ таълим гирифтаанд, на гапи хушку холӣ. Ва онҳо интизоранд, ки ҳунари размии худро зудтар нишон диҳанд”, - афзуд Қодиров.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.