расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маслиҳати Янукович ба Зеленский дар мавриди қаҳрамонию қатъи хунрезӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Маслиҳати Янукович ба Зеленский дар мавриди қаҳрамонию қатъи хунрезӣ


Президенти пешини Украина ба раисҷумҳури феълӣ дар робита ба вазъи ҳозира дар кишвар муроҷиат кардааст

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Виктор Янукович, президенти пешини Украина аз Владимир Зеленский, раисҷумҳури феълӣ хостааст, хунрезиро дар кишвар бо ҳар баҳое хотима диҳад.
Янукович дар муроҷиатномааш Зеленскийро масъул донистааст, ки хунрезиро дар кишвар боздорад.
"Хуб медонам, ки шумо "мушовирон"-и зиёд доред, аммо шумо уҳдадоред бо ҳар қимате хунрезиро боздореду созиш кунед. Инро аз шумо дар Украина, Донбасс ва Русия интизоранд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли президенти пешин.
Вай таъкид намудаст, ки маслиҳати падаронааш ба Зеленский ин аст, ки талоши қаҳрамонӣ намекунад, чун қаҳрамонӣ намоишӣ ва ҷангидан то охирин украинӣ нест.
"Қаҳрамонӣ дар худгузаштагист, дар пирӯзӣ бар ғуруру аҳдофи шахсӣ ба хотири ҳифзи шаҳрвандони кишвар мебошад", - гуфтаст Янукович.
Ӯ бо изҳори таассуф аз ранҷе, ки мардуми Украина феълан мекашанд, таъкид намудаст, ки дар ҳар фоҷиа фурсате аст, ки ҳанӯз метавон онро хотима бахшид.
"Аз рӯзи аввал ваъдаи қатъи ҷангро додед ва барои ҳамин тамоми Украина дастгириятон кард. Метавонистед, президенти сулҳ шавед, аммо мутаассифона чунин нашуд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Нашри ин муроҷиат дар ҳолест, ки феълан аз як сӯй амалиёти низомии Русия дар Украина ва аз ҷониби дигар музокироти ҷонибҳо идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Белорус баргузор шуданд. То ҳол ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ барои тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, умедвор аст, ки дар масъали Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор доштаст Мединский.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд. Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудаст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.