расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати ҷашни Рӯзи модар табрик кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент / Сиёсат / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати ҷашни Рӯзи модар табрик кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони ҷумҳуриро ба муносибати ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфт.
Дар паёми шодбошии худ ба ин муносибат зикр шуд, ки арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Ӯ хотиррасон нмуд, ки масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи 34-уми Конститутсияи Тоҷикистон низ дарҷ шудааст.
“Яъне мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модарони мо хору зор шаванд”, - таъкид доштааст ӯ.Ба гуфтаи президент, ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки ҳоло тибқи дастури роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия шуда истодааст.
Дар паёми зикр шуд, ки дар ин раванд, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон буда, яке аз ҳадафҳо аз қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз аз ҳамин иборат аст.
“Мо бояд кӯшиш кунем, ки бонувону духтарони тоҷик соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то ки дар зиндагиву рӯзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд”, - гуфт президент. - Дигар ин, ки саришта кардани рӯзгори хонадон, яъне идора намудани дороиву даромади оила низ аз модарону бонувон вобаста мебошад”.Сарвари давлат таъкид дошт, ки бонувону занон бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.