расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Толибон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки гӯё алайҳи ин гурӯҳ дар Кобул ҷиҳод эълон кардааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Толибон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки гӯё алайҳи ин гурӯҳ дар Кобул ҷиҳод эълон кардааст


Вазорати дохилаи "Толибон" аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул хабар додааст, ки гӯё ба пойтахти Афғонистон омада алайҳи "Толибон" ҷиҳод эълон кардааст.
Дар хабарномаи "Толибон" омадааст, гӯёи ин шаҳрванди Тоҷикистон узви ДОИШ будааст.
Дар видео, ки вазорати дохилаи Толибон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми март нашр кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки "исми аслиям Умед, номи мустаорам Аҳмад Фарид ва аз Тоҷикистон ҳастам. Аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз Русия ба Туркия, аз Туркия ба Эрон, аз Эрон Афғонистон бар зидди муҷоҳиддини иморат ҷиҳод мекунам".Нашрияи "Иттилооти рӯз"-и Кобул бо такя ба як манбаъ дар вазорати дохилаи Толибон менависад, ки ин шаҳрванди гӯё Тоҷикистон дар ноҳияи 15-уми шаҳри Кобул боздошт шуда ва бо доштани робита ба гурӯҳи ДОИШ муттаҳам аст. 
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Дар видеое, ки ин ҷавон суҳбат мекунад, ӯ тақрибан ҷавон 24-25-сола ба назар мерасад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон ва аз тоҷикони зодаи Тоҷикистон аст ё аз тоҷикони афғонистониасли зодаву бузургшудаи Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.