расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шоми 24 феврал бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кард.
Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хосса оғоз карда, сипас дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд.
“Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин ҷанбаҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар хабар.
Дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ бо зикри таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатии кишварҳо, ки ба 4 апрел рост меояд, аз робитаҳои ҳасанаи дӯстӣ, сатҳи баланди боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, шарикии стратегӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Ӯ таъкид дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус доранд ва дар ин росто, робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳимми ин муносибатҳо мебошанд.
Зикр гардид, ки солҳои охир бо талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия робитаҳои зичро ба роҳ монда пеш мебаранд.
Дар рафти суҳбат оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша сурат гирифт. Дар ин зимн ҷонибҳо аз раванди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, аснои суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дидорбинии имрӯза ва ҳамчунин натиҷаҳои Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки дар ҳошияи сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко 25 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистону Россия такони тоза мебахшанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.