расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Кӣ ба куҷо? Идомаи тағйироти кадрӣ дар ВКД. Мансабҳои нави Қунғуротзодаву Мирзомуродзода

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Кӣ ба куҷо? Идомаи тағйироти кадрӣ дар ВКД. Мансабҳои нави Қунғуротзодаву Мирзомуродзода

Дирӯз дар пайи тағйироти кадрӣ дар ВКД, ки Шариф Назарзода аз мақоми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе барканор ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд, ҳамчунин дар сохторҳои дигари ин вазорат ҳам тағйирот сурат гирифт.
Дирӯз бо қарори раиси ҳукумат Бароталӣ Ҳамидзода аз мақоми муовини вазири корҳои охилӣ озод ва ба ҷойи Шариф Назарзода сардори РВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд. 
Ҳамчунин дар идома полковник Файзулло Нозимзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенант Искандар Солеҳзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт, 
генерал-майор Карим Солиев сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ва генерал-майор Фотеҳ Қунғуротзода сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб таъин шуданд.
Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода, ки то ин дам сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ буд, акнун муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони Олиқадр таъин шудааст. Дар идома полковник  Холмурод Ҷабборзода сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД,  полковник Нуралишоҳ  Туразода сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Сафар Пирзода сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод, полковник Самад Сайфзода сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом, полковник Шодихон Амиршозода директори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара таъин шудаанд.
Ҳамчунин бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД полковник Комилҷон Саидзода сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод, подполковник Рушон Ҷолизода сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошим, подполковник Абдураҳим Ғафорзода сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши, подполковник Суҳроб Абдусамадзода сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус, подполковник Қурбон Хайруллозода сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик ва майор Рустам Тоҳирзод сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун таъйин шудаанд.Read more:https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/politics/20220225/k-ba-kuo-idomai-taiiroti-kadr-dar-vkd

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.