расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Узбекистону Қазоқистон барои берун овардани шаҳрвандонашон аз Украина омодагӣ мебинанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир / Ҷаҳон

Узбекистону Қазоқистон барои берун овардани шаҳрвандонашон аз Украина омодагӣ мебинанд

Сафорати Узбекистон дар шаҳри Киев нақшаи берун баровардани шаҳрвандони худ аз Украинаро ба далели эълом шудани вазъи ҷангӣ таҳия мекунад. Намояндагони сафорат хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир масири бурунрафт ва маҳалли парвозро бо назардошти баста будани ҳарими ҳавоии Украина баррасӣ доранд.
Сафорат аз ҳамаи узбекистониҳое, ки мехоҳанд Украинаро тарк кунанд, хостааст, то нусхаи шиносномаи худро тариқи почтаи электронӣ ба ин ниҳод фиристанд.
Сафири Қазоқистон дар Киев Дархан Калетаев ҳам гуфт, нақшаи берун бурдани шаҳрвандони худ аз Украинаро дар шароити баста будани ҳарими ҳавоии он кишвар баррасӣ доранд.
"Фурудгоҳ меҷӯем. Бояд барои фуруд овардани ҳавопаймои ширкати "Эйр Астана" маконеро пайдо кард. Марз бо Белорус баста аст. Роҳ ба Молдова низ, ки аз тариқи Одесса мегузарад, хатарнок аст. Дар онҷо ҷанг аст. Макони амнтар Лвов аст. Аз шаҳрвандон хостем, ба онҷо бираванд. Сипас мехоҳем, онҳоро аз Лвов ба Маҷористон ё Лаҳистон барорем", - изҳор дошт дипломати қазоқ.
Ба гуфтаи ӯ, сафорати Қазоқистон дар Киев фаъолияти худро идома медиҳад ва дар ҳоли ҳозир дар он 30 кас кор мекунанд.
Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Киев бонги хатар зад ва вазъияти ҷангӣ эълон намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.