расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Пешниҳоди раиси театри Бохтар: Ба Аловуддин Абдуллозода мукофоти давлатии Рӯдакӣ диҳед

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Пешниҳоди раиси театри Бохтар: Ба Аловуддин Абдуллозода мукофоти давлатии Рӯдакӣ диҳед


Мудири Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар пешниҳод кардааст, ки ба Аловуддин Адуллозода, ҳунарманди нотакрору зиндаёди тоҷик мукофоти давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дода шавад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Саидзода Отахон, мудири театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз номи аҳли ҳунари театри мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба Аловуддин Адуллозода, ҳунарманди нотакрору зиндаёди тоҷик мукофоти давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дода шавад, иттилоъ додааст сомонаи “pressa.tj”.
“Ба поси хизматҳои бузургу арзандаи ин ҳунарманди асили санъати театру синамои тоҷик, мутмаинам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди аҳли ҳунари театрро дастгирӣ мекунад”, - таъкид кардааст номбурда.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар рӯзи фавти Аловуддин Абдуллозода низ ҳаводорони ҳунари ӯ дар сомонаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карданд, ки ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супоранд.
Ҳамчунин, чанде пеш рӯзномаи вилоятии “Хатлон” низ ба Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар пешниҳоди қадрдонии ҳунарманди машҳур Аловуддин Абдуллозодаро карда буд.
Аз шаҳрдорӣ хоҳиш шуда буд, ки Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи Абдуллозода гузошта шавад.
Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори машҳури тоҷик рӯзи 17-уми феврал бар асари сактаи қалб даргузашт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.