расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳушдори СММ аз ҳузури 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ* дар Афғонистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Ҳушдори СММ аз ҳузури 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ* дар Афғонистон


Созмони Милали муттаҳид гузориш додааст, кишхаи Хуросони ДИИШ* ҳам акнун дар Афғонистон 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Кумитаи назорати таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ахиран дар гузорише аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки бештари ҷангҷӯёни ДИИШ* дар замони суқути ҳукумати қаблӣ аз зиндонҳо озод шуданд шудаанд ва хатари терррристӣ дар Афгонистон дар ҳоли рушд аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин кумита қаблан дар бораи сафари яке аз писарони Усома бин Лодин ба Афғонистон ва дидори ӯ бо раҳбарони толибон дар моҳи октябри соли гузашта гузориш дода буд; Ин гузориш аз ҷониби толибон қатъиян рад карда шуд.
Дар пайи нигарониҳо аз эҳёи терроризм дар Афғонистон, раиси амнияти дохилии Бритониё ахиран ҳушдор дод, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил хоҳад ёфт.
Кен ‌‌‌Маккалом, раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё ба рӯзномаи Daily Mail гуфтааст, ки бархе аз ҷангҷӯёни бритониёӣ талош кардаанд, ба Афғонистон бираванд.
"Мо мушоҳида дорем, ки баъзе ашхос кӯшиши сафар ба Афғонистонро доранд ва аз ин рӯ, мо вазъро шарикони худ назорат дорем", -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Афғонистон низ мисли Сурия метавонад ба макони таҷаммӯи нерӯҳои ифротии бритониёӣ табдил ёбад.
раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё гуфтааст, ки аз ташкили таъсисот ва шабакаҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст.
Аз замони суқути ҳукумати Ғанӣ ва афзоиши қудрати ҷунбиши толибон дар Афғонистон, дар манотиқи мухталифи ин кишвар чандин ҳамлаи террористӣ рух дод, ки аксари онҳоро ДИИШ* бар ӯҳда гирифтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Руися

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.