расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Марди дастгиршуда аз аксҳои уриён (бараҳна)-и занҳо пул тамаъ мекардааст!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Марди дастгиршуда аз аксҳои уриён (бараҳна)-и занҳо пул тамаъ мекардааст!

 
Дар Душанбе як марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мард бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардаааст.
Гуфта мешавад, баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш ва дар шабакаҳои интернетӣ паҳн менамояд.
“Ҳамин тариқ, ӯ бо ин роҳ аз ҷабрдида дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Мувофиқи ин модда, ӯ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо гирифта метавонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.