расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маълум шуд, ки Тоҷикистон имсол ба Ӯзбекистон чӣ қадар барқ медиҳад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Маълум шуд, ки Тоҷикистон имсол ба Ӯзбекистон чӣ қадар барқ медиҳад


Ширкатҳои марбутаи энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли неруи барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя дар давраи баҳору тирамоҳи соли ҷорӣ созишнома ба имзо расониданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо, аз ҷумла ҳаҷму таърифаҳоро мувофиқа сохтанд, ки мувофиқи он дар давраи тирамоҳ Ӯзбекистон аз Тоҷикистон бо нархи 2 сент барои 1 киловатт 1,4 млрд кВт/соат неруи барқ мегирад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари “Барқи тоҷик” зикр кард, ки айни замон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон неруи барқ интиқол дода намешавад.
Дар робита ба таърифаҳои паст зикр шуд, ки он ба арзиши гази моеъ вобаста аст, ки аз Ӯзбекистон бо нархҳои нисбатан паст ба Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Ғайр аз ин, дар мавсими тобистон Тоҷикистон бо нархи 4,65 сент барои 1 киловатт дар ҳаҷми 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.