расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Консулгарии Тоҷикистон дар Алмато ба дунболи тоҷикони гумшудаву дастгиршуда аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Консулгарии Тоҷикистон дар Алмато ба дунболи тоҷикони гумшудаву дастгиршуда аст


 
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз тоҷикони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр кору таҳсил менамоянд, хоҳиш кардааст, ки дар робита ба бедарак ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар хабар диҳанд.
Консулгарӣ бо нашри эълон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навиштааст, ки ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, дар робита ба маълумоти қобили таваҷҷуҳ дар мавриди ҳодисаҳои охири Қазоқистон ба телефонҳои боварии Консулгарии генералӣ: +77272697059 ва +77775883115, инчунин суроғаи электронии намояндагӣ “tajconsalmaty@mfa.tj” хабар диҳанд.
Талаби консулгарии Алмато дар мавриди хабар додан аз бедарак ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси охири Қазоқистон дар ҳолест, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, то ба ҳол дар мавриди зарар дидан ва ё гум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои охири Қазоқистон маълумоте дастрас нест.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо дар якҷоягӣ бо сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар ин кишвар талош намуда истодаанд, ки дар робита ба ин масъала маълумот дастрас кунанд.
- Нашри эълон дар мавриди гум шудан ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси охири Қазоқистон дар Алмато ҳам идомаи чунин чорабиниҳо аст. Дар сурати муроҷаит мо онҳоро ба қайд мегирем ва иттилоъ медиҳем,- гуфтанд аз ВКХ Тоҷикистон.Дар пайи даргириҳо дар Алмато бархе ҳамсояҳои ин кишвар, аз ҷумла Қирғизистон аз нопадид ва ҳатто дастгир шудани шаҳрвандонашон дар пайи ин ҳаводис хабар дода буданд.
Дар Қазоқистон, ки гуфта мешавад садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ кору таҳсил мекунанд, бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд.
Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристоданд ва онҳо баъди ором шудани вазъият оҳиста-оҳиста ин кишварро тарк мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.