расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Аз домулло Ҳикматуллоҳу Убайдуллоҳ Раҷаб то академику мансабдорон: киҳоро аз даст додем?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Аз домулло Ҳикматуллоҳу Убайдуллоҳ Раҷаб то академику мансабдорон: киҳоро аз даст додем?


 Ду соли охир Тоҷикистон шоҳиди фавти бепешинаи чеҳраҳои барҷастаи ҳунару синамо ва арсаҳои дигар мешавад. Дар соли 2020, дар аҳди бемории коронавирус Тоҷикистон даҳҳо фарзандони фарзонаи худро аз даст дод. Касонеро, ки нақши ногусастани ва ғайриқобили инкоре дар рушди фарҳангу синамо ва театру адабиёт доштанд.
Мутаассифона, ин “рӯихат” дар соли 2021 низ давомдор буд ва шахсиятҳои фарҳехтаву саршиноси зиёде дар соли бақар (гов) моро тарк карданд. Онҳо ҳарчанд аз чеҳраҳои мондагори бахшҳои гуногун буданд, аммо марги ҳар кадоме аз эшон барои Тоҷикистон талафоти ҷуброннопазир аст.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки аз онҳо ёдоварӣ кунад.

Намояндагони ҳунару фарҳанг

Соли 2021 бо марги овозхонаи пуровоза ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз бемории монанд ба коронавирус  Қурбоналӣ Абдуллоев оғоз шуд. Ӯ дар солҳои 90 ва даҳаи аввали солҳои 2000-ум бахусус бо иҷрои таронаҳои мардумӣ бо як сабки хос маъруфияти зиёд пайдо кард. Абдуллоевро соли 2015 бо ҳамагӣ 630 сомонӣ нафақа аз ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион ба нафақа гусел карданд.
Ӯ моҳи май соли 2020 бо нашри як изҳорот гуфта буд овозхониро тарк мекунад, ки ин тасмимаш дар расонаҳо сару садоҳоро ба вуҷуд оварда буд.
Бо гузашти камтар аз як ҳафта аз марги Қурбоналӣ Абдуллоев, ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон шоҳиди талафоти азим гардид: Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони саршиноси театр ва синамои тоҷик дар синни 84-солагӣ бар асари беморие, ки дошт аз олам даргузашт.
Ин ҳунарманди саршиноси тоҷик раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва муовини аввалин Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд. Ба унвони коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон соли 2002 нахустин театри ғайридавлатии Тоҷикистонро бо номи "Падида" таъсис дод ва роҳбари бадеии он буд. 
Абдуразоқов дар оромгоҳи чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар Лучоб ба хок супурда шуд.
Чиҳил рӯз пас аз даргузашти Ҳабибулло Абдураззоқов дар рӯзи якуми фасли баҳор ҳамсари эшон ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Фотима Ғуломова низ дунёро тарк гуфт.
Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар намоишҳои «Бой ва ғулом», «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ», «Рустам ва Суҳроб», «Мо аз боми ҷаҳон» ва ғайра нақшҳои мондагоре офаридааст.
Баъди ин, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик Носир Ҳасанов низ дунёро тарк кард. Ӯ аз солҳои 60-уми садаи гузашта ба ин тараф дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият дошт.  Дар ин театр ӯ ҳудуди 60 нақш офаридааст.
Ҳасанов натанҳо дар театр, балки дар филмҳо низ даҳҳо нақшҳои ёдмонданӣ бозидааст. Аз ҷумла нақши Сафархӯҷа дар филми «Бачаҳои Помир», Қарошир дар филми машҳури «Ниссо», Носир дар филми «Ҳасани аробакаш»-ро бозидааст.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, яке аз ҳунармандони маъруфи синамову театри тоҷик, ҳаҷвнигори шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён аз дигар шахсиятҳои фавтида дар соли 2021 аст. Ӯ рӯзи 5 март дар аз саратони рӯда ранҷ мекашид, дар беморхонаи “Медгородок” фавтид.
Ҳунарпешаи шинохта, ки солҳои ахир дар театри “Оина” кор мекард, бо иҷрои нақше дар филми “Ситораҳои сари танӯр”-и коргардон Сайф Раҳимзода Афардӣ шуҳрати зиёде пайдо кард.
Як моҳ нагузашта аз марги ӯ, ҳаҷвнигори шинохтаи дигари тоҷик ва ҳунарманди театру синамо Қиёмиддин Чақалов дар сини 76-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ аз соли 1975 то поёни умр дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард.
Ин ҳунарманд дар тетар ва синамои Тоҷикистон нақшҳои мондагоре офаридааст. Ҳамчунин ӯ дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони як ҳунарманди тавоно дар бахши ҳаҷву танз маъруф буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи шахсияти ҳунари ӯ буд.  
Аз талафоти дигари сол, ҳунарманди шинохтаи тоҷик Назирмад Мӯсоев аст, ки дар синни 69 солагӣ ҳангоми кор дар студия аз сактаи шадиди қалб ҷон дод. Ӯ дар даҳҳо филми ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлол нақш офаридааст. Мӯсоев солҳои 80-уми қарни гузашта пас аз иҷрои нақш дар филми “Ӯ маро хуш дорад” байни мардум шинохтаву писандида гардид.
Марги Убайдулло Раҷабов, ки ҳамеша мардумро механдонид, рӯзи маргаш мотами умумиеро мемонад. Ин  Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳаҷвнигори шинохта 1-уми июл дар 80-солагӣ аз бемории COVID-19 даргузашт.
Убайдулло Раҷабов яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард.
Дар соли 2000-ум ба кори давлатӣ гузашт ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа то соли 2004 кор кард. Аз ин пештар ӯ бо ҷамъ аз ҳунармандон ва пайравони мактаби эҷодияш дар солҳои сахту сангини ҷанги шаҳрванди театри минотурии "Оина"-ро таъсис дода буд.
12 рӯз пас аз марги Убайдулло Раҷабов ҳунарманди дигаритеатру синамои тоҷик  Шералӣ Абдулқайсов аз бемории коронавирус дар синни 70-солагӣ даргузашт.
Ӯ  то поёни умр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ва дар Донишкадаи фарҳангу ҳунари ба номи Турсунзода ба ҳайси мудири кафедраи маҳорати актиёрӣ кор мекард. 
Шералӣ Абдулқайсов дар саҳнаҳои театру синамои тоҷик нақшҳои мондагоре офаридааст. Ӯ яке аз пайравони мактаби ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов буд ва бо намоиши "Масалҳои Эзоп" дар жанри театри як бозигар ва яке аз нақшҳои асосӣ дар филми "Марди роҳ"-и Давлат Худоназаров дар солҳои 1980 шуҳрат ёфт.
Ҳамин тариқ, тобистони соли равон якбора чанде аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги тоҷик моро тарк карданд. Яке аз онҳо  овозхони маъруфи тоҷик Қурбоналӣ Раҳмон буд, ки дар сини 67 солагӣ бо аломатҳои бемории COVID-19 даргузашт.
Ӯ, ки унвони ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дошт аз бунёдгузорони дастаи ҳунарии "Чашма”-и ноҳияи Восеъ ва корманди  ансамбли “Дарё” буд.
Нӯҳ рӯз пас аз ин, коргардони пуровоза ва мустанадсози маъруфи тоҷик Сафарбек Солеҳ ҳам аз бемории коронавирус даргузашт.
Ӯ дар баробари коргардонӣ, солҳои охир ба корҳои рӯшангарӣ низ пардохта, таҳлил ва интиқодҳое низ дар мавриди равандҳои фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа мекард ва ба унвони коргардон бештар масоили миллиро вориди ин бахши ҳунар кард. Ин коргардон аз нахустин касоне буд, ки дар бораи Наврӯз филми “Ба номи Ҳурмуз”-ро сохта буд.
Аз чеҳраҳои маъруфи ҳунару фарҳанг имсол ҳамчунин, Асалбегим СаодатоваОзодамоҳ МуҳтарамоваБобоҷон АзизовМунаввар Мансурхоҷаев  ва дигарон дунёро тарк карданд.
Дар барорбари намояндагони ҳунару фарҳанг соли 2021 ҳамчунин, чеҳраҳои маъруфи адабиётро низ аз мо рабуд. Яке аз аввалинҳо Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур буд, 24-уми июл дар 77-солагӣ аз бемории COVID-19 даргузашт. Дар як моҳи охир писар ва ҳамсари шоир ҳам аз ин беморӣ фавтиданд.
"Заврақи умед" , "Савганд" , "Солгиреҳ", "Гарди Офтоб" ва "Овои мурғи шабовез" аз маҷмӯаи ашъори ӯянд.
Як моҳ пештар аз Саидалӣ Маъмур, шоири шинохта ва донишманди тоҷик Салимшо Ҳалимшодаргузашта буд.
Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.
Дар ин сол ҳамчунин, Шавкат Ниёзӣ, адиб ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, дар Маскав дар синни 93-солагӣ даргузашт. Ӯ осори зиёде дар бораи адабиёти муосири тоҷик дар мавриди ҳаёту эҷодиёти Устод Рӯдакӣ, Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон эҷод кардааст.
Ҳамчунин, адиб ва донишманди шинохта ва ҳомии забону адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78 – солагӣ дар шаҳри Самарқанд аз олам даргузашт. Аҳли адаб ӯро пайвандгари тоҷикони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон медонистанд.
Ӯ мутарҷими 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайнӣ ба забони узбекӣ мебошад. Ҳаёт Неъмат муаллифи чанд драма мебошад. Як бахши фаъолияти ӯ ҷамъоварии тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX мебошад.
Моҳи январ Ӯктами Холиқназар яке аз, пажӯҳишгар ва забоншиносони тоҷик дар Душанбе даргузашт. Ӯ узви нахустин Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва аз бунёдгузорони созмони "Пайванд" дар умури робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ буд.
Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ҳам тобистони имсол дар Душанбе даргузашт.
Ӯ хатмкардаи риштаи шарқшиносии ДМТ буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор кард.
Рӯзи 21 октябр академик, собиқ ноиби президенти АМИТ, Ҳикмат Муминов бар асари бемории саратон дар синии 55-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт. Муминов яке аз ҷавонтарин олимоне буд, ки дар синни 30-солагӣ сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математика гардид.
АМИТ ӯро ҳамчун соҳибмактаб унвон намуда, даргузашти марҳумро талафоти азим дар илми тоҷик унвон кард.
Академик Карим Ҳайдаров низ тобистони имсол  аз бемории монанд ба коронавирус даргузашт. Ин донишмандро дар Тоҷикистон яке аз асосгузорони таҳқиқи риштаи формакологияи миллӣ ном мебурданд.
Ихтирои ӯ доруҳои «Тимогар» ва «Тимотсин» аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ истифода мешаванд.

Сиёсатмадорон, мансабдорон ва шахсиятҳои дигар

Соли 2021 ҳамчунин, сиёсатмадорону мансабдорон ва  шахсиятҳои мухтатифро аз байни ҷомеа рабуд. Яке аз мансабдороне ки имсол аз дунё рафт, вакили парлумон ва раиси пешини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода мебошад, ки тобистони имсол даргузашт.
Ӯ, ки дар гузашта раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон (2017-2020) ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (2015-2017) кор кардааст, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҲХДТ буд.
Яке аз қурбониҳои дигари сол, собиқ вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён буд, ки аз олам даргузашт.
Ӯ дар ноябри соли 2013 баъди ташкили кобинаи нави ҳукумати Тоҷикистон вазири молия таъин шуд, ки то соли 2018 дар ин симат кор кард. Ӯ яке аз вазирони пурбаҳси молия дар Тоҷикистон буд, ки баъзе мушоҷираҳои расонаӣ бо ширкати алюминийи тоҷик - Талко низ дошт.
Тобистони имсола, ҳамчунин, ришати умри профессор Нигина Шаропова муовини пешини сарвазири Тоҷикистон ва духтари пизишки маъруфи тоҷик Минҳоҷ Ғуломовро барканд.
Ӯ аз соли 1999 то 2004 муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ кор крадааст. Баъдан то соли 2006 ба ҳайси муовини вазири тандурустӣ ва аз соли 2006 то поёни умр мудири кафедраи равонпизишкӣ ва наркологияи ДДТТ буд.
Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров ҳам аз қурбониҳои соли 2021 аст. Ӯ касби падарашро интихоб ва то поёни умр дар ин ришта кор кардааст.
Ғанихон Тӯраев, сарҳанг (полковник)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шавҳари профессор Фарида Мансурова, ҳам пас 9 рӯзи фавти ҳамсараш дар Душанбе даргузашт.
 Соли гузашта барои журналистон низ соли осон набуд. Моҳи апрел, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара ва яке аз рӯзноманигорони фаъол Иқбол Тешаев дар сини 51-солагӣ даргузашт.
Иқбол Тешаев солҳи ахир ба унвони сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буд. Ҳамчунин, аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд. 
Даргузашти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро яке аз ҳаводиси хеле доғи сол ҳам гуфтан мумкин аст. Дар моҳи апрел Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ яке аз руҳониёни маъруф ва олимони пурнуфуз ва пурпайрави исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, дар сини 80-солагӣ даргузашт.
Ин руҳонии саршинос, ки яке аз чеҳраҳои барҷастаи исломи суннатӣ дар Тоҷикистон эътироф мешуд, ҳамчунин дар миёни раҳбарони сиёии Тоҷикистон эҳтиром махсусе дошт. Аз ҷумла ӯ борҳо мардумро барои дастгирӣ аз ҳукумат ва сиёсатҳои раисҷумҳур даъват карда буд. Ӯ чанд сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи президент дуо кунанд.
Дар соли 2021 хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бе талафот набаромад. Сарвари давлат дар моҳи июл ду хешовандашро ба хок супурданд. Нахуст хушдомани президент Ӯзбакбӣ Асадуллоеваи 88-сола, ки қаблан бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ буд, даргузашт ва ду ҳафта баъд Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова видоъ кард. Вай 64-сола буд.
Дар соли 2021 ҳамчунин, шахсиятҳои дигар моро тарк карданд:
Собиқ вакили парлумон ва корманди собиқи Кумитаи андоз Абдуллоҷон Орифов;
Раиси собиқи Истаравшан ва собиқ директори Агентии омори ҷумҳурӣ Муним Холиқов;
Раҷабалӣ Одинаев, муассис ва раиси ширкат маъруфи "Умед-88", ки ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд;
Шаҳбол Мирзоев, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳафт сол пеш  ҳангоми адои хидмати сарбозӣ бар асари лату кӯби як ҳамхидматаш маъюб шуда буд;
Исмат Абдуллоев мураббӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик ва бунёдгузори куштии самбо дар Тоҷикистон;
Раҷабмад Амиров вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон;
Сафар Боев аз поягузорон ва президенти собиқи Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон;
Саъдуло Исломов мудири пешини Пажуҳишгоҳи демография ва яке аз бунёдгузорони таҳқиқи демографияи Тоҷикистон;
Шарофиддин Имом сафири пешини Тоҷикистон дар Афғонистон ва яке аз донишмандони тоҷик;
Генерал-майор Саидамир Розиқзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон;
Сергей Тютин роҳбари ҳайати халабонҳои чархбол тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус ба баландии беш аз 500 ҳазор метр парвоз карда, ба садама дучор шуд;
Эркин Қосимов, сафири пешини Тоҷикистон дар Бритониё ва собиқ муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон;
Шаҳобуддинов Саиднуриддин, шарқшиносу арабшиноси шинохта ва тарҷумони китоби “Қонуни тиб” Абӯали Ибни Сино
Аҳлиддин Исоев, хабарнигор ва аксбардори ҳирфаии тоҷик;
Владимир Захватов, собик муҳаррири газетаи “Комсомолец Таджикистана” ва ҷонишини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистони шӯравӣ;
Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо;
Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори маъруфи кишвар ва муаллифи тарҳҳои бузурге, мисли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои Порлумони Тоҷикистон, бозори "Меҳргон", маркази савдои "Пойтахт", боғҳои Рӯдакӣ, Хайём ва Ҷавонон;
Қаюм Одинаев, тоҷири маъруфи тоҷик ва яке аз моликони корхонаи истихроҷи тиллои “Одина”;
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва нафаре ки аз генерал Ғаффор Мирзоев дар додгоҳро ҳимоят кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.