расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳушдори вазорати маориф: “нагузоред фарзандон дар таътили зимистонӣ телефонбозӣ кунанд”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳушдори вазорати маориф: “нагузоред фарзандон дар таътили зимистонӣ телефонбозӣ кунанд”


Донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 ба таътили зимистона мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Манбаъ мегӯяд, ин тасмим ба хотири ҷамъбаст гардидани чоряки дуввум таҳсил дар мактабҳо аст.
Вазорати маориф аз волидайн даъват кардааст, ки  ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ гузаронанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон машғул мешаванд.
- Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб намояд,- зикр намудааст вазорат.Манбаъ ҳамчунин, гуфтааст, дар давраи таътил дар тамоми мактабҳо олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад,
Қобили зикр аст, ки чанд сол пеш мақомоти маориф дар низоми таҳсилот тағйирот ворид намуда, таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ ва ҳамин тариқ чорякҳоро барҳам дода, мӯҳлати таҳсил дар мактабҳо тамдид намуда буданд. Вале ин тасмим норозигии бархе волидайнро ба миён овард ва соли 2018 Вазорати маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонид ва систеами чорякро барқарор кард.
Бо ин вуҷуд бархе волидайн аз тамдид шудани соли таҳсил шикоят намуданд ва ҳатто замоне бо мактуби дастҷамъӣ барои баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд.
Аммо зоҳиран имсол ба ин чиз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нуқта гузошт ва 1 сентябри соли равон зимни суханронии худ пешниҳод кард, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.