расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ҲИСОР: келини ҳомила баъд аз "талоқи" шавҳараш худкуши кард!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ҲИСОР: келини ҳомила баъд аз "талоқи" шавҳараш худкуши кард!

Тавре ки сокинони шаҳри Ҳисор ба сомонаи Oila.tj хабар доданд, як ҷавонзани 22-сола бо исми Зулайхо даст ба худкушӣ зада, натанҳо риштаи ҷони худ, балки риштаи ҷони фарзандашро низ буридааст.
Модари марҳум Зулайхо-Ҷонбибӣ бо чашмони гирён мегӯяд:
-Духтарамро чанд муддат пеш бо сабаби ҷангу ҷанҷоли хонаводагӣ шавҳараш талоқ дода, бо кӯчу бандаш ба хонаи мо оварда партофт. Зулайхо баъди аз шавҳараш ҷудо гаштан аз зиндагӣ сахт рӯҳафтода шуда, касеро дидану шунидан намехост. Вай ҳатто ба мо сабаби ҷудо шуданашонро нагуфт. Ба рӯйи захми сӯзони дилаш намак пошидан нахоста, мо ӯро ба ҳоли худаш гузоштем ва кунҷковӣ намекардем, ки чи шуду чӣ монд ва чаро шавҳараш ӯро талоқ дод. Худоё, охир ман аз куҷо медонистам, ки духтаракам оқибат ба дарди ҷудоӣ тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезанад...
Аз рӯйи гуфтаҳои ин модари зор, рӯзи сар задани фоҷиа ҳамсояашон тӯй доштаву холаи Ҷонбибӣ қатори дигар занҳои деҳа ба тӯй рафта будааст. Аз набудани модар истифода бурда, Зулайхо ноаён ба боғи як ҳамсояи дигар меравад ва худро дар шохи дарахт ба дор меовезад.
Холаи Ҷонбибӣ мегӯяд:
-Вақте ки келинам ин хабари шумро ба ман расонд, хаёл кардам, ки ҷон аз дасту поям баромад. Рӯкану мӯйкан ба сӯйи хона давидам, аммо аллакай дер шуда, духтараки сиёҳбахтам кайҳо ҷон ба ҷонофарин супурда буд...
Ба гуфти пайвандонаш Зулайхои ноком дар батнаш фарзанд дошт ва бе падар ба дунё омадани тифлакашро нахоста, даст ба худкушӣ задааст.
Модари дидагирёни Зулайхо мехоҳад гунаҳкорони марги фарзандаш ба музоҷот бирасанд, зеро боиси марги ду инсон гаштаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.