расонаи иттилии - Ориён » Қазоқистон ҳукми қатлро батамом аз байн бардошт

Ҷаҳон

Қазоқистон ҳукми қатлро батамом аз байн бардошт

Қосимҷомарт Тоқаев соли 2019 қавл дод, кишвараш ҳукми қатлро аз байн мебарад.

Ҳукумати Қазоқистон ба тамом ҳукми қатлро аз қонунҳои кишвар бардоштааст. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 2-уми январ хабар дод, ки раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев, бо имзои санаде Қазоқистонро ба Протоколи дуввуми Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ҳамроҳ кард, ки аъзои он бояд ҳукми қатлро комилан аз байн бардоранд.
Дар Қазоқистон соли 2002 дар иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон карданд, вале гунаҳкорон ба терроризм аз он истисно буданд. Соли 2016 Руслан Куликбоев, ки ба тирборон кардани мардум дар Алмаато гунаҳкор дониста шуд, ба қатл маҳкум карда буданд. Акнун ҳукми ӯ ба зиндони якумрӣ табдил меёбад.
Қосиҷомарт Токаев моҳи декабри соли 2019 аз минбари Маҷмааи умумии Созмони Милал қавл дод, ки Қазоқистон ҳукми қатлро аз байн мебардорад. Аз миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳоло фақат Русияву Тоҷикистон ва Белорус мондаанд, ки ба Протоколи дуввуми Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ҳамроҳ нашудаанд. Дар Тоҷикистон иҷрои ҳукми қатл мамнуъ аст, вале дар Белорус ҳануз ҳам иҷро мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.